Баргузории аввалин қаҳрамонии кушод дар риштаи гуштингирӣ дар Русия

Дар мусобиқаи мазкур, ки дар Қазон баргузор мешавад, дабири кулли Федератсияи байналмилалии гуштингирон Абдулло Саидхоҷаев иштирок мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар Русия нахустин қаҳрамонии кушод дар риштаи гуштингирӣ баргузор мешавад, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати кишвар дар Русия.
Мусобиқа дар маркази дзюдои "Батыр"-и шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ дабири кулли Федератсияи байналмилалии гуштингирон Абдулло Саидхоҷаев ва намояндагони федератсияҳои Русия ва Тотористон ширкат хоҳанд кард.
Илова бар ин, Халил Шайхутдинов, муовини вазири варзиши Тотористон ҳамчун меҳмони фахрӣ дар ин чорабинӣ иштирок хоҳад кард.
Оғози мусобиқа бо тило: аввалин натиҷаҳои Қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштингирӣ
Ҷоиза барои паҳлавоне, ки сазовори ҷои аввал мегардад - 30 ҳазор рубл, диплом, ҷом ва медал аст. Ба ҷойҳои дуюм ва сеюм ҷом дода намешавад аммо ҷоизаи пулӣ дорад. Ҷоизаи онҳо 20 ва 10 хазор рублро ташкил медиҳад.
Дархостҳо барои иштирок дар Қаҳрамонӣ дар риштаи гуштингирӣ то 21 июл қабул карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштингирӣ соҳиби 3 медали тилло гаштанд.
Боз ду варзишгари дигари тоҷик соҳиби медали нуқра ва ду нафар биринҷӣ гаштанд.