Дар Тоҷикистон Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон дар таъсис меёбад

Мақомдори вазорати беҳдошт дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълон кард, ки ба зудӣ шӯъбае аз Донишгоҳи пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон таъсиси меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Мудири ҳамкориҳои байналмиллали Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ Муҳаммадҳусейни Некном дар ҷаласаи муштараки вазири беҳдошти Эрон бо вазири тандурустии Тоҷикистон қайд кард, ки ба зудӣ бахше аз Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон таъсиси меёбад, иттилоъ додааст хабаргузории “Садо ва Симо”.
“Мо муъасисаи омӯзишии байнамилллали ба номи "Муътамид" дорем, ки омӯзиши мудирони низомии саломатро бар ӯҳда дорад ва дар сурати ниёз, мудирони саломати Тоҷикистон метавонанд аз зарфиятҳои ин муъасиса истифода кунанд”, - афзуд вай.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки ба зудӣ феҳристе аз роҳнамоиҳо болини аз Эрон барои Тоҷикистон ирсол мешавад то барои кантрол ва ҳадафманд кардани низоми саломат дар кишвар мавриди истифода қарор гирад.
Собирӣ дар бораи роҳандозии чаҳорумин парвози мустақим байни Эрон ва Тоҷикистон хабар дод
Оқои Некном таъкид кард, ки дар заминаи сатҳи бахши низоми дармон низ Эрон омодагии ҳамкори бо Тоҷикистонро дорад.
Вай гуфт, дар назар дорем бемористони эрониён ё Ибни Сино дар Тоҷикистон, марҷаъи аслии ирҷои беморон аз Эрон ба Тоҷикистон шавад яъне бо табодул бо Донишгоҳҳои улуми пизишкии Эрон, беморон аз ин марказ барои идомаи раванди дармон ирҷоъ шаванд, ки ин муҳим ниёзманди табодули байни Вазорат тандурустии ду кишвар ва Донишгоҳҳои улуми пизишкии ду кишвар хоҳад буд.