ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Сафири Эрон дар Душанбе Муҳаммадтақии Собирӣ гуфт, ки барои осон шудани вуруди дорӯ аз Ҷумҳурии Исломӣ ба Тоҷикистон бояд доруҳое, ки дар Эрон тайид ва муҷавиз доранд ба ҷумҳурӣ ворид шаванд, иттилоъ додааст хабаргузори Садо ва Симо.
“Пешниҳоди ман ин аст, ки дар ҳамин сафар тафоҳум шавад дорӯҳое, ки дар Эрон тайид шуда ва дороӣ муҷавиз ҳастанд дигар ниёз ба тайиди муҷаддад дар кишвари Тоҷикистон надошта бошанд”, - таъкид кард сафири Эрон дар Душанбе.
Вай илова кард, ки бо ин тамҳидот ҳам қимати дорӯ поин меояд ва ҳам замони дастрасӣ ба дорӯ коҳиш меёбад.
Собирӣ ҳамчунин афзуд, ки яке аз мушкилоте, ки воридкунандагони доруи Тоҷикистон ба мо мегӯянд ,тай кардани замонҳои тулонӣ ва баъзан 6 моҳа барои хуруҷи дору аз расмиёти барзиёди мавҷуд ва гирифтани иҷозатномаҳост.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон илова кард, ки ин мушкилот бо рафъи расмиёти барзиёди дасту погир ҳал шуданӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомдори вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълон кард, ки ба зудӣ шӯъбае аз Донишгоҳи пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон таъсис меёбад.