ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Гурӯҳи артиши Русия "Восток"-и дар самти ҷануби Донетск ва Запорожие то 240 сарбози украиниро нобуд кардааст, иттилоъ додааст вазорати дифоъ.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ин самт як гурӯҳи тахрибкорон, як анбори муҳимоти қувваҳои мусаллаҳи Украина ва ҳамчунин 10 техникаи душман, аз ҷумла - як тӯпи худгарди амрикоии “Паладин”-ро нобуд кард.
Ба иттилои вазорати дифоъ, дар самти Донетски ҷанубӣ ҳавопаймоҳои Русия, тӯпхонаии гурӯҳи нерӯҳои “Восток” ба нерӯи корӣ ва техникаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаи Урожайное ва Леваднии Запорожие зарба заданд.
Дар самти Запорожие артиши Русия дар минтақаҳои Марфопол, Новоселовка, Шербаков ва Пятихатки ба нерӯҳои пиёдагард ва техникаи душман зарба заданд.
Инчунин, дар вилояти Запорожие, вилояти Чаривне фаъолияти гурӯҳи тахрибкорони украинӣ аз байн бурда шуд.
“Талофоти душман дар ин минтақаҳо 240 сарбози украинӣ, ду мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ду мошини ҷангӣ, як тӯпхонаи худгарди сохти амрикоии М109 Паладин, се тӯпхонаи худгарди МСТА-В, “Акатсия” ва як Д-ро ташкил дод. Илова бар ин, дар наздикии шаҳраки Малая Токмачкаи вилояти Запорожие як анбори лавозимоти ҷангии бригадаи савораи 33-уми Қувваҳои Мусаллаҳи Украина нобуд карда шуд", - гуфт вазорати дифоъ.