Интиқоли ҷасади ду ҷавони тоҷики кушташуда дар як садамаи нақлиётӣ дар Русия ба Ватан

Сафорати кишвар дар Русия ҳамдардиашро ба наздикони ду муҳоҷири тоҷике, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перм кушта шуданд, баён кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ахиран сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи даргузашти ду ҷавони тоҷик дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перм хабар дод.
Ба иттилои сафорати кишвар, ду нафар ҷавони тоҷик 15 июли соли равон дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перми Русия дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд.
Намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар Русия ҳамдардии худро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуд.
Сафорат таъкид кардааст, ки бо мусоидати Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва ҷамъияти тоҷикон ҷасадҳои шаҳрвандони фавтида ба Ватан интиқол дода мешаванд.
Ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон - видео
Қайд карда шудааст, ки дар ҳодисаи мазкур, ҳамчунин, як нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Зикр карда шудааст, ки ба шаҳрванди осебдида ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ расонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар паи як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи байнишаҳрии Самара-Шимкент чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла - ду ноболиғ ба ҳалокат расида буданд.