"Боз "Артек" меравем": хонандагони тоҷик дар урдугоҳи маъруф

Ҳукумати шаҳри Душанбе як гурӯҳ хонандагони фаъолу аълохони мактабҳои пойтахтро ба урдугоҳи истироҳатии “Артек” – и Русия фиристод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. “Артек” аз муътабартарин урдугоҳҳо барои хонандагони мактаб дар замони Шӯравӣ маҳсуб мешуд, солҳо баъд боз аълохонҳо аз Тоҷикистонро қабул кард.
Директори муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, Комилҷон Холов, ки раҳбаладии хонандагонро ба зимма дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин гурӯҳ аз шаш хонандаи макотиби шаҳри Душанбе иборат аст, ки дар озмуни байналмилалӣ аз рӯи Барномаи "Ҷавонони Иттиҳод" ғолиб омадаанд.
Вай афзуд, онҳо соҳиби Сертификат ва роҳхат ба Лагери истироҳативу маърифатии Маркази байналмилалии кӯдаконаи "Артек" гардиданд.
“Ҳоло мо ба шаҳри Сочии Русия омадем ва дар беҳтарин қисмати урдугоҳи “Артек”, ки аз он ба номи “Лоҷувардӣ” зикр мекунанд, ҷойгир шудем”, - Холов.
Вай афзуд, ин як барномаи бузурги байнулмилалии фарҳангиву фароғатист, ки "Артек", маро ба дӯстӣ бипазир!" ном дошта, аз 15 июл то 5 августи соли 2023 баргузор мешавад ва хонандагони мо дар ин миён дар як қатор чорабиниҳо ширкат мекунанд.
“Масалан, мастер-классҳо дар бораи таҳияи аксу филм, озмунҳову мизи гирдҳои мухталиф дар назар гирифта шудаанд, ки хонандагони мо дар онҳо ширкат ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки миёни бачаҳо аз Тоҷикистон онҳое ҳастанд, ки ҳам суруд мехонанд, шеър менависанд ва варзишкоранд.
Тибқи иттилоъи ӯ, дар барномаи "Артек", маро ба дӯстӣ бипазир!" беш аз 3 ҳазор хонанда ба шумули Тоҷикистон аз ҳудуди 50 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.
Омӯзгорони тоҷик ройгон дар осоишгоҳҳо истироҳат мекунанд
Аз ҷумла хонандаҳо аз Олмон, Шветсия, Испания, Канада, Полша, Исроил, Лубнон, Сурия, Миср, Муғулистон, Сербистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Ӯзбекистон, Беларус, Фаронса, Финляндия ва 90 минтақаи худи Русия ширкат мекунанд.
“Он қадар ки ман хабар дорам, ин бузургтарин ҳамоиш дар “Артек” пас аз соли 2020 аст”, - гуфт Комилҷон Холов.
"Артек” аз бузургтарин ва муътабартарин истироҳатгоҳҳо барои хонандагон дар замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, ки солона ҳазорон хонанда, қабл аз ҳама - аълохонҳоро ҷамъ меовард.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ он анъа низ гӯё моли таърих шуда буд ва ҳоло ба назар мерасад, дигарбора эҳё мешавад, зеро анъанаи хуб намиранда аст.