ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии "Душанбе-инвест 20232" ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора Кумитати давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе амалӣ мегардад.
Замони баргузории ҳамоиши байналмилалии сармоягузоронро дар шаҳри Душанбе охири сентябр муқаррар кардаанд.
"Рӯзҳои 29-30 сентябр бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пйтахт Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-инвест 2023" баргузор мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардидааст, ки ҳадафи форуми мазкур муаррифии бештари зарфияту фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон мебошад.
Мақомот қасд доранд, аз тариқи муаррифии зарфияту имкониятҳо сармояи бештари дохилию хориҷиро ҷалб намоянд.
Тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ ва татбиқи саноатикунонии босуръати мамлакат аз аҳдофи дигари чорабинӣ муаррифӣ шудаанд.