Борони кӯтоҳмуддат ва беш аз 40 дараҷа гармӣ: ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон

Ҳарорати ҳаво дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 34 дараҷа, дар Суғд то 40 дараҷа, дар Хатлон то 42 ва дар Душанбею атрофи он то 41 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо боронва раъду барқ сурат мегирад.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзудааст, ки дар бештари навоҳии ҷумҳурӣ ҳамоно чангу ғубор боқӣ мемонад.
Дар ВМКБ, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар маҷмуъ ҳаво бебориш дар назар аст. Ҳарор дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 5+10 дараҷа ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Ҳушдор аз гармои маргбор дар ҳафт кишвари арабӣ
Суғдро ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, танҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 35+40 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мегардад.
Ҷануби Тоҷикистонро ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳои Хатлон шабона 22+27 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар бархе аз қисматҳои куҳии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар буда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 36+41 дараҷа гарм дар назар буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо ҳаво тағйирёбандаи бебориш ва омехта бо чангу ғубор фаро гирифта, ҳарорат шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.