ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Кишварҳои минтақаи Ғарби Осиёро чанд рӯзи оянда гармои тоқатфарсо фаро мегирад, ҳушдори медиҳанд коршиносон.
Ба гузоришаши шабакаи туркияии " ТРТ ", ҳафт кишвари арабӣ дар чанд рӯзи оянда шоҳиди падидае ба номи " гунбади ҳароратӣ " хоҳанд буд.
Ин манбаъ меафзояд, гармои шадид метавонад таҳдиде барои ҷони афрод бошад.
Коршиносони ҳавошиносӣ пешбинӣ карданд, ки гармои ҳаво дар Миср, Ироқ, Арабистон, Сурия, Лубнон, Фаластин ва Урдун ба беш аз 50 дараҷа хоҳад расид.
Тибқи ин гузориш ин падида мумкин аст ду то ҳафт рӯз идома пайдо кунад ва таҳдиде барои саломати инсонҳо ба вижа солмандон аст.
Маргбортарин мавҷи гармо дар соли 2003 дар Аврупо буд, ки боиси марги 30 ҳазор нафар шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳавосанҷони тоҷик низ аз фаро расидани гармии шадид дар Тоҷикистон ҳушдор дода буданд. Илова бар ин, ҳавои аксар минтақаҳои ҷумҳуриро чангу ғубор фаро гирифтааст, ки ба саломатии инсон зиён меорад.