ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид ба мақоми мудири Бойгонии давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Фирӯз Юсуфзодаро таъйин кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон иттилоъ дода, афзуд, ки мудири навро ноиби раиси Хатлон, Фирӯза Шарифӣ муаррифӣ намуд.
Шарифӣ ба роҳбари нав дар вазифаи пурмасъулаш комёбиҳо таманно намуда, ба масъулин тавсияҳо доданд, ки ба мардуми шарифи вилояти Хатлон содиқона хизмат намоянд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар мувофиқа бо роҳбари вилояти Хатлон дар Раёсати фарҳанг ва Раёсати ҷавонон ва варзиши минтақа тағйироти кадрӣ шуда, роҳбарони нав таъйин гардиданд.
Аз ҷумла ҳунарпешаи ҷавон Мустафои Ватан ба мақоми сардори Раёсати фарҳанг таъйин шудааст. Мустафои Ватан то таъйиноташ роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб буд.
Қаблан роҳбарии Раёсати фарҳанги Хатлонро Рамазон Насриддинзода ба уҳда дошт, ки ахиран ба далели гузштан ба кори дигар аз ин вазифа барканор шудааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон иттилоъ дод, ки Рамазон Насриддинзода ба мақоми сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят таъйин гардид.