ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз Туркманистон боздид хоҳад кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, иттилоъ дода, афзуда, ки сафари расмӣ бо даъвати муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов сурат мегирад.
Замони сафари расмии вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Туркманистон рӯзҳои 15-16 июли соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Қарор аст, дар Ишқобод роҳбари мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов мулоқот кунад.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар Ишқобод ҳамчунин гуфтушуниди Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои туркманаш Рашид Мередов дар назар аст.
Дар доираи сафар муҳокимаи масъалаҳои татбиқи созишномаҳое, ки моҳи майи соли 2023 дар натиҷаи сафари давлатии роҳбари Туркманистон ба Тоҷикистон ба даст расидаанд, ба нақша гирифта шудааст, омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки зимни сафари давлатии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду давлат баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он 24 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон, бахшҳои мухталиф аз амният то кишоварзию иқтисодро фаро мегиранд.