ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон дар ҳамоише барои поси хотир дар назди муҷассамаи ёдгорие, ки дар ҷои марги сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми неруҳои Русия, мустақар дар наздикии рустои Сари-Гор дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бунёд ёфтааст, ширкат карданд.
Ин ҳамоиш ба муносибати 30-умин солгарди набард дар дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми неруҳои Русия баргузор шуд.
Намояндагони ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо роҳбарияти олии Гурӯҳи Қӯшунҳои сарҳадии Русия дар Тоҷикистон муҷассамаи "Ба номи 25 қаҳрамонони дидбонгоҳи сарҳаддии 12-уми гурӯҳи марзбонони Москва" ифтитоҳ намуданд.
Сипас, сарбозон ва собиқадорони пойгоҳи низомии 201, кормандони Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони сафорати Русия, сафири Беларус дар Тоҷикистон, додситони низомӣ додситонии ҳарбии рақами 257, инчунин намояндагони аҳли ҷомеа иштирок намуданд.
Ширкаткунандагон хотираи афсарону сарбозони он ҷанги қаҳрамонро бо як дақиқа сукут гиромӣ дошта, ба пояи ёдгорӣ гулчанбарҳо гузоштанд.
Меҳмони фахрии ин чорабинӣ Қаҳрамони Русия генерал-лейтенант Андрей Мерзликин буд, ки соли 1993 ҳайати шахсиро роҳбарӣ карда, барои рафъи ҳамла ба дидбонгоҳи 12-уми сарҳадӣ чораҳои зарурӣ андешид.
Ёдовар мешавем, ки 13-уми июли соли 1993 як гурӯҳи ҷангҷӯён дар ҳудуди 200-250 нафар талош карданд, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд. 45 марзбони Русия ва 3 низомии дивизияи савораи пойгоҳи 201-уми, ки ба посгоҳ эъзом шуда буданд, беш аз 11 соат ҳамлагаронро боздоштанд.
Дидбонгоҳ бозпас гирифта шуд, 22 сарҳадбони рус ва се сарбози дивизияи савораи пойгоҳи 201-уми кушта шуданд, вале ақабнишинӣ накарданд. Шаш нафар ба унвони қаҳрамони Русия, аз ҷумла чаҳор нафар баъд аз марг сарфароз гардонида шуданд.
Дидбонгоҳи сарҳадӣ комилан тахриб шуд. Ҳоло ин дидбонгоҳ дар ҷойи нав сохта шудааст ва соли 2005 қитъаи марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки аз ҷониби гурӯҳи марзбонии Маскав ҳимоят мешуд, таҳти назорати Хадамоти марзбонии Тоҷикистон қарор гирифт.