ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Аз Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё дар риштаи ҷудо байни наврасону ҷавонон 82 ҷудокор иштирок хоҳад кард, иттилоъ додааст Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ мусобиқаи мазкур 27-30 июл дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор мешавад.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз байни наврасон 33 варзишгар ва аз байни ҷавонон 49 варзишгарро ба Ташканд мефиристад.
“Дар мусобиқа байни наврасон 86 варзишгар аз 4 давлат ва байни ҷавонон 97 варзишгар аз 3 давлат иштирок хоҳанд кард”, - қайд кардааст манбаъ.
Иттилоъ дода шудааст, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16 вазн байни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн — духтарон) ва 14 вазн дар байни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн — духтарон) баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Федератсияи ҷудои кишвархабар дода буд, ки удокорони тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар дар мусобиқаи Hungary Masters - 2023 иштирок мекунанд.
дар ин мусобиқа беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон ки дар радабандии созмони байналмилалии ҷудо - IJF то зинаи 36 ҷой гирифтаанд, метавонанд иштирок намоянд.
Мусобиқа рӯзҳои 6-8 август дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад.