ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ишғоли қаламравҳои Украинаи ғарбӣ аз ҷониби Полша боиси ҳамлаи густурдаи артиши Русия мешавад.
Дар ин бора дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Стивен Гарднер мушовири собиқи раиси Пентагон, полковник Дуглас Макгрегор изҳор дошт.
"Лаҳистониҳо ва литвониҳо масъалаи ҳамлаи муштарак ба Украинаи Ғарбиро баррасӣ мекунанд. Далели онҳо ин аст: мо ба Украинаи Ғарбӣ ворид мешавем, минтақаи буферӣ эҷод мекунем ва мо аз русҳо наметарсем", - гуфт мутахассис.
Собиқ мушовири Пентагон ҳушдор дод, ки Русия амалкарди аврупоиҳоро беҷавоб намегузорад ва ҳатман нерӯҳои худро ба ҳамлаи ҷавобӣ мефиристад.
Ин ба гуфти ӯ, бо назардошти қудрати артиши Русия, як қадами марговар барои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина аст.
Ғайр аз ин истиқрори Полша, ки аъзои НАТО мебошад, чунин маъно дорад, ки иттифоқи Атлантикаи Шимолй дигар дар канори амалиёти ҷанг не, балки бевосита дар онҳо иштирок мекунад.
"Ин боз як занги ҳушдор аст",- гуфт МакГрегор.
Қаблан раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин Лаҳистонро муттаҳам карда буд, ки Киевро барои содир кардани ҷиноятҳо бо силоҳ таъмин мекунад.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадори рус, Лаҳистон бо аъмоли худ ба хотираи қурбониёни куштори Волин хиёнат мекунад.