ТАЛКО ба рӯзноманигорон ҷараёни тавлиди алюминиумро нишон дод - видео

Корхонаи алюминиуми Точикистон яке аз корхонахои пуриктидори саноатии ҷумҳурӣ мебошад. Маҳсулоти асосии он алюминиуми аввалия мебошад
Sputnik
Корхонаи ТАЛКО истеҳсоли алюминуми аввалияро афзоиш хоҳад дод.
Дар ин бора дар гузориши нимсолаи корхона, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, гуфта мешавад.
Ҳамин тариқ, дар 6 моҳи соли ҷорӣ корхона 31,5 ҳазор тонна алюминум истеҳсол кардааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 андаке зиёдтар аст. Аммо корхона ният дорад, то охири сол қктидори истеҳсолро 10% афзоиш диҳад.
Тасмими ТАЛКО барои афзоиши тавлиди алюминиум
Зимнан, ТАЛКО тасмим гирифтааст, ки дар тӯли 3 сол тавлиди алюминиумро 5 маротиба афзоиш дода, ҳаҷми онро ба 300 ҳазор тонна расонад.
Ҳаҷми тиҷорати хориҷии ширкат дар 6 моҳи соли 2023 дар сатҳи беш аз 113,2 млн. долларро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, воридот 48,9 млн. ва содирот 64,3 миллионро ташкил дод.
Хар сол кариб 98% махсулот ба хориҷ содирот мешавад.