ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини амнияти шаҳрвандон, чораҳои қатъи андешанд.
Даин ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, вай дар ин ҷаласа ҳамчунин дастур дод, ки масъулин бояд барои коҳиш додани содиршавии ҷиноятҳо, бартараф ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои оворагардӣ, талбандагӣ, пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор чораҳо андешанд.
Чанде пеш раисҷумҳури кишвар аз ҷумла аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ёдовар шудааст.
Вай супориш додааст, ки сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ тоза карда шаваду тамоми кормандони БДА аз аттестатсия гузаронида шаванд.
Ба роҳбарияти мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур дода шуд, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад, омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки ахиран хабарҳо нашр гардиданд, ки рабояндаҳои ноиби раиси "Ориёнбонк" дар Душанбе чанд рӯз бо рақамҳои қалбакӣ гаштугузор доштаанд.