ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Рӯзноманигори амрикоӣ ва барандаи ҷоизаи Пулитсер Саймур Ҳерш, дар истинод ба як мақомдоре, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст навиштааст, ки бомбҳои хушаие, ки ба Киев дода мешаванд ба ҷараёни ҷанг дар Украина таъсире намерасонад.
"Ба ҳар сурат, бомбҳои хушаӣ шонсе барои тағир додани ҷараёни ҷангро надоранд", - навиштааст ӯ.
Раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден дар робита ба вазъи Украина "бохт", афзудааст манбаъ рӯзноманигор.
Саймур Ҳерш ҳамчунин қайд мекунад, ки зимни ҳамлаи ҷавобӣ ин иқдом ба артиши Украина ҳеҷ кумаке намекунад.
Раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден рӯзи 7 июл тасмими худ дар бораи оғози интиқоли бомбҳои хушаӣ ба режими Киевро эълон кард.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова таъкид кард, ки ин гуна аслиҳа ба мардуми осоишта таҳдид мекунад ва ҳадафаш тамдиди бӯҳрон аст.
Нерӯҳои украинӣ аллакай эълон намуданд, ки Киев аз Амрико бомбҳои хушаиро дастрас кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Конгресси ИМА ба интиқоли чунин силоҳ ба Украина мухолифат кардааст. Ба гуфтаи Илҳон Умар, узви Маҷлиси Намояндагони Амрико аз иёлоти Миннесота, истифодаи ин бомбҳо ҳуқуқи башарро нақз мекунад.
Созмони байнулмилалии “Human Rights Watch” гуфтааст, интиқоли ин навъи силоҳ ба Киев ҳатман ранҷу азоби мардуми осоиштаро бештар мекунад ва маҳкум аз истифодаи он дар сатҳи байнулмилалиро аз байн мебарад.
Дар ҳамин ҳол, вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, ки агар Иёлоти Муттаҳида ба Киев бомбҳои хушаӣ диҳанд, артиши Русия низ маҷбур мешавад дар посух аз ҳамин гуна силоҳ истифода намояд.