ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида омода аст, ки ҷони украинҳоро барои пул ба саноати низомии худ қурбон кунад.
Дар ин бора Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон изҳор дошт.
"Манфиатҳои комплекси ҳарбӣ-саноатии Ғарб дар идомаи ҷанг дар Украина гузошта шудаанд ва ин қурбонии мардуми Украинаро тақозо мекунад", - навиштааст хадамоти матбуотии ӯ аз суханронии вай.
Хоманаӣ афзуд, сарнавишти мардуми Украина далели идомаи "ғояҳои мустамликавӣ ва ғоратгарии Ғарб" аст.
Раҳбари олии Эрон ҳамчунин гуфт, лагери ғарбӣ ҳоло беш аз пеш осебпазиртар аст.
Пештар сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон Носир Канъонӣ гуфт, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, барои ҷалби молия ва силоҳи Ғарб "намоиши сиёсӣ" нишон медиҳад.
Ба ин тартиб, сиёсатмадор дар бораи суханони раисиҷумҳури Украина, ки Эрон бояд аз ҳимояти Русия даст кашад, шарҳ дод, зеро гӯё ин боиси бунбасти боз ҳам бештари байналмилалӣ мешавад.
"Такрори иддаъои бардурӯғи раиси ҷумҳури Украина бо ҷанги таблиғотӣ ва расонаии меҳвари зиддиэронӣ алайҳи ҳукумат ва мардуми Эрон созгор аст ва ба хотири ҷалби ҳарчи бештар силоҳ ва кумакҳои молӣ аз кишварҳои ғарбӣ анҷом мешавад",- гуфт Канъонӣ.