ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон боз як заминларза рух дод.
Тибқи иттилои маркази пешгӯии зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, зилзила дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон, дуртар аз қуллаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино (қуллаи Ленини собиқ) сабт шудааст.
Қувваи ларзиши зеризаминӣ 4 балл буда, дар чуқурии 176 километр рух додааст.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи паёмадҳои ин ҳодиса ва осебдидагон иттилоъ надодааст.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар онҷо мунтазам зилзилаҳои қувваташон гуногун ба амал меоянд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар минтақаи Роштқалъа сели харобиовар сар зада буд.
Бар асари офати табиӣ биноҳои истикоматӣ, роҳу купрукҳо, инчунин заминҳои кишоварзӣ осеб диданд.
Гуфта мешавад, ки обхезӣ бар асари гармшавии шадид рух додааст, ки боиси об шудани яху барфи кӯҳистонӣ ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаи Шоҳдара шудааст.