Свердловск омодааст барои мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон омӯзгор омода кунад

Дар мулоқоти раиси вилояти Суғд ва губернатори вилояти Сведрловск масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф баррасӣ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ки алъон бо сафари корӣ дар Русия қарор дорад, бо губернатори вилояти Свердловкс мулоқот намудааст.
Дар ин бора котиботи раиси вилояти Суғд хабар дод.
Ба иттилои манаъ, дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф қайд намуданд.
Евгений Кувайшев изҳор дошт, ки Свердловск омодааст барои мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон муаллим омода кунад.
Маврид ба зикр аст, ки аз моҳи сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон 5 мактаб фаъолият дорад, ки дар онҳо таҳсил тибқи стандартҳои Русия ба роҳ монда шудааст.
Кӯдакони тоҷик дар мактабҳо кадом забонҳоро меомӯзанд? Тасвирбаён
Мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода ҷойгир буда, ҳудуди 5000 мактаббача дар онҳо таҳсил мекунанд.
Муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии Русия бар асоси созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар сохта шудаанд.
Дар соли равон шумори омӯзгорони русе, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” дар мактабҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аз 47 то 75 нафар афзоиш ёфтааст. Лоиҳа дар кишвар 6 сол аст, ки идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 бо ибтикори кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ Соли забони русӣ эълон шудааст.