ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони фаъолияти шашмоҳаи Раёсати ВКД дар вилоят ҷамъбаст гардид.
Бар хабари котиботи ин ниҳод, дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини ВКД, генерал-майори милитсия Раҳмонзода С.Ҳ, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷузъу томҳои милитсияи Бадахшон иштирок намуданд.
Сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф иброз дошт, аз шумораи умумии ҷинояҳое, ки давоми нимсолаи аввали соли равон дар миқёси вилоят содир ва ба қайд гирифта шудааст, нисбати соли гузашта ба андозаи 23,9% коҳиш ёфтааст.
"Фоизи кушодашавии ҷиноятҳо нисбати ҳамин давраи соли пеш 5,2% беҳтар гардидааст", - изҳор дошт ӯ.
Ба таъкиди ӯ, давоми нимсолаи аввал ҳамчунин тибқи таҳлилҳои оморӣ содиршавии ҷиноят дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва содирнамоии ҷиноят аз ҷониби ашхоси пешсудшуда ба андозаи 49% коҳиш ёфтааст.
Илова бар ин, вазъи риояи Қоидаҳои ҳаракати роҳ дар ҳудуди роҳҳои автомомобилгарди вилоят беҳтар гардида, шумораи садаманокӣ ва ашхоси маҷрӯҳшуда низ коҳиш ёфтааст.
Қаблан, Раёсати корҳои дохилии Хатлон хабар дод, ки дар шаш моҳи охири соли равон дар роҳҳои ин минтақа 155 садама ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа ҳудуди 100 нафар кушта шуданд.
Ҳамчунин, ҳудуди 160 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.