Бо кафкӯбиҳои давомдор: Ҳунарнамоии ҷолиби ансамбли қафқозӣ аз Русия дар Хуҷанд – видео

Сокинони шаҳри Хуҷанд аз ҳунарнамоии ҳунармандони минтақаи қафқози Русия лаззат бурданд ва таасуроти хубашонро бо какӯбиҳои давомдор нишон доданд
Sputnik
Ин намоиши фарҳангӣ дар Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ дар маркази вилояти Суғд сурат гирифт. Сокинон ба назди театр барои тамошои барномаи консертии ансанбли давлатии “Налмес” и Адигей омода буданд.
Аз иҷрои бо маҳорати рақсу оҳангҳои қадимии қафқозӣ хотири тамошобинон болида мегардид ва инро онҳо дар кафкӯбиҳои давомдори худ собит менамуданд.
Толори серодаму кафкӯбии бардавом: ансамбли "Налмес"-и Адигей дар Хуҷанд консерт дод -акс
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ин чорабинии фарҳангӣ иштирок дошт ва видео сатб кард.
Чунин чорабиниҳо дар доираи рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бо дастгирии вазоратҳои фарҳанги Русия ва Тоҷикистон, баргузор карда мешаванд.
Русия дар Душанбе фарҳанги мардумони Қафқозро намоиш дод
Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон то 13 июл бо иштироки даҳҳо масъули фарҳангу ҳунар дар минтақаҳои кишвар баргузор мегардад.