Аз дағалӣ то задани ҳариф: Ҷазои вайронкунандаҳои қоида дар футболи Тоҷикистон

Кумитаи назоратӣ-интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳолатҳои нақзи қоидаҳоро дар бозиҳои Лигаи футболи кишвар баррасӣ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дастаи "Равшан" барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ҳангоми бозӣ бо "Регар ТадАЗ" ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Дар ин бора Федератсияи футболои Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки инчунин бозигари дастаи "Ҳосилот" Далер Чолов бинобар таҳқири ҳайати доварон аз 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима шуд.
Мураббии тими "Панҷшер" Абдуҳанон Ҷамолов бинобар таҳқири ҳайати доварон аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷаримабандӣ гардид.
Инчунин барои ҳозир нашудан ба бозиҳои тақвимӣ ба бархе аз дастаҳои Тоҷикистон шикасти техникӣ бо ҳисоби 3:0 дода шуд.
Тими миллии Тоҷикистон бо Сингапур сабқат мекунад
Бозигари тими "Хуҷанд" Ҳикматҷон Назаров бинобар гуфтани суханҳои таҳқиромез нисбати ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум карда шуд.
Бозигари дастаи "Ҳосилот" Нурулло Маҳмудов барои рафтори дағалона дар 2 бозӣ иштирок намекунад.
Футболбози дастаи "Файзканд" Амирҷон Нуралиев барои задани ҳариф аз 3 бозӣ маҳрум шуд. Бозигари тими "Хатлон" Аминҷон Баротов барои ишораҳои таҳқиромез аз 3 бозӣ маҳрум гардид.
Бозигари тими "Файзканд" Ҷамшед Қосимов барои задани ҳариф аз 3 бозӣ маҳрум ва ба пардохти 500 сомонӣ ҷарима муваззаф шудаст.
Бозигари дастаи "Эсхата" Бохирҷон Сангинбоев барои задани ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷаримабандӣ гардид.