Шикояти Кумитаи замин аз қарорҳои ғайриқонунии раисҳо

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияташ, аз ҷумла дар бахши назоратро дар нимсолаи аввали соли равон ҷамъбаст намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо ҳамагӣ 7,8 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид.
Ин нукта зимни ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди мазкур, таҳти раёсати Ориф Хоҷазода таъкид гардид.
Тавзеҳ дода шуд, ки пешбурди корҳои назоратӣ вобаста ба истифодаи мақсадноку самараноку қитъаҳои замин яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи ошкор шудани қоидавайронкуниҳо, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 7 ҳазор дастур дода шудааст.
Кумита афзуд, ки дар баробари ин нисбати зиёда аз 6,5 ҳазор ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Боғшаҳр ё худ тимсоли мӯрчахона: тарафҳои манфӣ ва мусбати меъмории Душанбеи муосир
Аз рӯи парвандаҳо ба маблағи қариб 3,7 млн сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардиданд, ки 2,8 млн аз он ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид шудааст.
Кумитаи замин тавзеҳ дод, ки тайи нимсола санҷиши риояи талаботи қонунгузории замин дар ноҳияҳои Панҷ ва Ёвон гузаронида шуд дар маҷмӯъ зиёда аз 250 ҳолати нақзи қонун ошкор гардид.
"Ба 2 қарори раиси ноҳияи Ёвон ва 2 қарори раиси ноҳияи Панҷ бинобар сабаби ғайриқонунӣ буданаш пешниҳод манзур гардида, 1 қарори раиси ноҳияи Панҷ бекор карда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки умуман давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатӣ 13 ҳолати қабули қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Варзоб, Кушониён, Панҷ, Ёвон ва Варзоб вобаста ба замин ошкор шуд.
Барои бекор намудани ин қарорҳо ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани онҳо пешниҳодҳо ирсол шуд, илова намуд Кумитаи замин.