ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Қарорҳо дар мавриди ихроҷи теъдоди зиёди шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия зимни амалиёти "Нелегал-2023" қабул шуданд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дода, афзуд, ки дар маҷмӯъ нисбати тақрибан 7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ қарор ихроҷ қабул гардид.
Волк ҳамчунин гуфт, дар ҷараёни гузарондани амалиёт тақрибан 45 ҳазор ҳолати нақзи қонуни муҳоҷират ошкор шудааст.
Аз ин шумор беш аз 33 ҳазораш нақзи қоидаҳои вуруд, хуруҷ, убури транзитӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия будааст.
"Дар робита ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, муомилоти ғайриқонунии аслиҳа ва убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ беш аз 2 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст", - гуфт Волк.
Ҳамзамон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 12 ҳазор ҳодисаи вайрон кардани фаъолияти меҳнатиро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ сабт намуда, 273 нафарро ошкор намуданд, ки дар ҷустуҷӯи федералӣ ва ё байналмилалӣ қарор доштаанд.
Амалиёти "Нелегал-2023" бароио ба эътидол овардани вазъи муҳоҷират дар қаламрави кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ амалӣ мегардад.