ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Хуҷанд дар давоми шаш моҳи охир нишондиҳандаҳои содиротии худро хеле баланд бардошт.
Дар ин бора муовини раиси шаҳр Бахтиёр Боқизода зимни ҷаласаи ҳизоботие хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 108 корхонаи шаҳри Хуҷанд ба маблағи ҳудуди 370 миллион сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол кардаанд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 47 миллион сомонӣ зиёдтар будааст, ки 14,7%-ро ташкил медиҳад.
"Бештар аз вилоят ҷавоҳирот, тӯҳфаҳои гуногун, пойафзоли кӯдакона ва маводи гигиенӣ харидорӣ мешавад",- гуфт Бахтиёр Боқизода.
Вай таъкид кард, ки вилояти Суғд бо 17 кишвари ҷаҳон тиҷорат дорад.
Гуфта мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 213 миллион сомонӣ коло ворид кардаанд.
Ҳамин тариқ, ин маблағ назар ба маълумоти ҳамин давраи соли гузашта 26 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон содироти меваю сабзавот ба Русияро идома медиҳад ва талош барои афзоиши онро дорад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2022 аз Тоҷикистон ба бозори Русия беш аз 100 тонна маҳсулоти меваю сабзавот фиристода шудааст.
Ҳамин тариқ, гардиши мол байни кишварҳо дар соли 2022 23% афзоиш ёфта, бори аввал аз марзи 140 миллиард рубл гузашт.
Бахши кишоварзӣ сеяки ин маблағро ташкил медиҳад. Аз маҳсулоти асосии содиротӣ олу, зардолу, шафтолу, нок, себ, ангур ва анҷир мебошанд.