Ду хонандаи тоҷик баъд аз пирӯзӣ дар олимпиадаи забони русӣ ба “Артек”-и Сочӣ рафтанд

Ду хонандаи мактаби шаҳри Норак баъд аз пирӯзӣ дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забонӣ русӣ ба истироҳатгоҳи “Артек”-и Сочии Русия роҳхат гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Хонандагони мактаби №3-и шаҳри Норак Ҳавасмоҳ Исоева ва Роҳел Ғуломова, ки аз ҷумлаи ғолибони олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанни забони русӣ мебошанд, барои истироҳат ба шаҳри Сочии Русия сафар намуданд.
Дар ин бора Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, Ҳавасмоҳ Исоева хонандаи синфи 9 ва Роҳел Ғуломова хонандаи синфи 7-и мактаби №3-и шаҳри Норак мебошанд.
“Онҳо барои хониши аъло ва ғолибияташон дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби роҳхат ба истироҳатгоҳи "Артек" — и шаҳри Сочии Русия гаштанд. Онҳо дар "Артек" истироҳат намуда, дар ин ҷо бо ҳамсолони худ аз Русия ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик шиносоӣ пайдо менамоянд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Тибқи иттилои манбаъ, хонандагони номбурда аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе алакай барои истироҳат ба хориҷи кишвар сафар намуданд.
Иштироки 8 геологҳои ҷавони Тоҷикистон дар Олимпиадаи Русия
Раёсати маорифи Хатлон қайд кардааст, ки сафар ба “Артек” ба ин ду мактабхони тоҷик барои боз ҳам васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва пайдо намудани шумори дӯстони нав кумак хоҳад кард.
Дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон изҳор доштанд, ки хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ғолиб шудаанд, пайваста қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд.
Ҳамчунин волидайн ва омўзгорони хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ба даст меоранд, ҳавасманд гардонида мешаванд.