ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон истироҳати мактаббачагон дар лагерҳои тобистона идома дорад.
Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ "Дар бораи ташкили таътили тобистонаи кӯдакону наврасон" дар соли 2023 беш аз 10 ҳазор нафар мактаббачагон дар истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳр фаро гирифта хоҳанд шуд.
Инак, аз 10 июл дар осоишгоҳҳои кишвар "Гулхан"-и ноҳияи Сино, "Орзу"-и ноҳияи Фирдавсӣ, "Зимчуруд"-и ноҳияи Шоҳмансур ва "Шарора"-и Исмоили Сомонӣ басти навбатӣ оғоз гардид.
Истирохати тобистонаи бачагону наврасон берун аз шахр ташкил карда шудааст ва дар давоми тамоми давра ба ин ҷо зиёда аз 4 ҳазор нафар мактабиён омада метавонанд.
Инчунин, майдончаҳои фароғатӣ ва тавонбахшӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 6 ҳазор кӯдак пешбинӣ шудаанд.
Умуман, аз 12 июн то 16 август 4 баст ташкил карда шуд, ки ҳар кадоми онҳо 11 рӯз давом мекунад.
Ёдовар мешавем, ки таътили тобистонаи мактаббачагон дар Тоҷикистон 3 моҳ - аз 1 июн то 31 август давом мекунад.