ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар ин бора муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар дар мизи мудаввар бахшида ба ҳамкории саноатии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай изҳори назар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати саноати кишвар.
Мақомдори тоҷик зимни суханрониаш аз нақши афзояндаи созмонро дар таъмини ҳамкории кишварҳои узв дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ, бахусус дар соҳаи саноат бинобар иқтидори бузурги кишварҳо таъкид намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба муҳимияти фароҳам овардани дастрасии баробар ба технологияҳои нав ва таҳияи меъёрҳои ягона барои таъмини рушди устувори технологӣ дар минтақаи СҲШ ҷалб намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур дар ҳошияи 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "ИННОПРОМ-2023", ки аз 10 то 13 июли соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор гардида истодааст, сурат гирифт.
Дар ин ҷаласа муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар дар мизи мудаввар бахшида ба ҳамкории кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи саноат иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ба Русия ба шаҳри Екатеринбург сафар намуданд.
Дар доираи сафар дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо соҳибкорони тоҷиктабори муқими минтақаи Урал ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон баргузор гардид.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар бо соҳибкорони тоҷиктабори Русия дар хусуси имтиёзу имкониятҳои фаровон барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ибрози андеша намуд.