ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ахиран дар Хатлон ҷаласаи таҳлилию натиҷагирии соҳаи амволи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид, ки дар он масъалаи натиҷаҳои фаъолият ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ баррасӣ гардид.
Инчунин дар ин ҷаласа суръатбахшӣ ба ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баррасӣ гардид.
Дар ин ҷаласа таъкид гардид, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 43 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 863 млн. доларро ташкил карда, ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят равона гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳо андешида шуда, дар давраи нимсола 41,5 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 39,6 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Ба вилояти Хатлон аз 26 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Русия 40,6 фоиз, Чин 35,6 фоиз ва Эрон 18,5 фоиз рост меояд.
Инчунин ба иттилои манбаъ, дар нимсолаи аввали соли равон дар ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритус, Восеъ, Муъминобод, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Фархор, Носири Хусрав ва Абдураҳмони Ҷомӣ умуман сармояи хориҷӣ ворид нагардидааст.
Дар рафти ҷаласаи ҷамъбастӣ гуфта шуд, ки дар ин давра сармоягузорону соҳибкорони вилоят дар зиёда аз 5 форуму намоишҳои тиҷоратӣ ширкат варзида, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 41 шартномаю ёдоштҳои тафоҳум ба маблағи беш аз 56 миллион сомонӣ ба имзо расониданд.