ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Вазорати дифои Русия ахиран дар як нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар ИМА ва Конодо бо кумаки ниҳодҳои истихборотии ғарбӣ, пеш аз ҳама Созмони иттилооти марказӣ (CIA), ҷалби зархаридон барои кӯмак ба режими Киев авҷ гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, "бо сабаби коҳиши чандинкаратаи таваҷҷӯҳ ба марг барои режими Киев"дар Лаҳистон, Бритониё ва дигар кишварҳои аврупоӣ, дар Иёлоти Муттаҳида ва Конодо фаъолиятҳои созмонҳои ташвиқкунандаба маротиб афзоиш ёфтааст.
"Ин кор дар заминаи намояндагиҳои хориҷии Украина бо кумаки хадамоти истихборотии ғарбӣ, пеш аз ҳама CIA ва ширкатҳои хусусии низомии таҳти контроли он (Academy, Cubic и Dyn Corporation) анҷом дода мешавад", - таъкид мекунад вазорати дифои Русия.
Қаблан вазири дифои Русия, Сергей Шойгу изҳор дошт, ки ҷониби Украина аз оғози июн ба ҳамла гузаштааст, аммо дар ҳеҷ як самт ба ҳадафҳо нарасидааст, дар ҳоле ки раҳбарияти Украина бо исрори Ғарб, новобаста аз талафот идомаи ҳамларо талаб мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия 24 феврали соли 2022 барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад.