ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар нимсолаи аввали сол дар шаҳри Панҷакент боз 7 корхонаи истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент.
Тибқи иттилои манбаъ, шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ҳоли ҳозир ба 41 адад расонида шудааст.
Инчунин мақомоти шаҳри Панҷакент хабар додааст, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ якҷо бо хидматрасонӣ ба 2 миллиарду 626, 9 миллион расонида шуд, ки ин баробари 100 фоизи нақшаи пешбинишуда аст.
Мақомоти Панҷакент таъкид дорад, ки давоми нимсола барои рушди соҳибкорӣ тадбирҳо андешида, аз ҳисоби ҳамаи маъбаъҳои сармоягузории дохилӣ дар ҳаҷми 407,7 миллион сомонӣ лоиҳаҳои гуногун маблағгузорӣ шудаанд.
Аз ҷумла дар минтақа “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар шаҳри Панҷакент барои солҳои 2023-2025 “ таҳия гардид ва барои иҷрои он нақшаи чорабиниҳо пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон мақомоти шаҳри Панҷакент илова кардааст, ки иқдомҳо дар самти меъморию шаҳрсозӣ таҳлил шуда, дар маҷмӯъ ба истиқболи ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии кишвар 229 иншооти таъиноти гуногун ба малағи 176,8 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳоло сохтмони боз 109 иншоот , аз ҷумла 24 бинои баландошёна, идома дорад.