Эрон: Ҷаҳон ва ҳамсоягони Афғонистон сулҳу суботро дар истиқрори ҳукумати фарогир мебинанд

Дастёри вазири хориҷаи Эрон мегӯяд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамсоягон сулҳу суботро дар истиқрори ҳукумати фарогир дар Афғонистон мебинанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дастёри вазири хориҷаи Эрон, Расули Мусавӣ ахиран дар саҳифаи твиттериаш навиштааст, ки дар тамоми нишастҳои байналмилалӣ бар зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид шудааст, итттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дастёри вазири хориҷаи Эрони ин твитташро дар вокуниш ба изҳороти Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангуи толибҳо мунташир кардааст.
Ахиран Ҳусейн Амирабдуллоҳён, вазири хориҷаи Эрон дар нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои адами тааҳҳуд гуфт, ки роҳи ҳали буҳрони Афғонистон ташкили ҳукумати фарогир бо ҳузури ҳамаи ақвом аст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангуи толибҳо дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт, ки "эҷод ва сохтори низом дар Афғонистон кори афғонҳост ва ба (кишварҳои) дигари ҳеҷ иртиботе надорад".
Дастёри вазири хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ин изҳороти сухангӯи толибҳо гуфтааст, ки дар қатъи номаҳои Шӯрои амнияти СММ бар ташкили ҳукумати фарогир ва ҳамашумул дар Афғонистон ба унвони "танҳо роҳи сулҳу саботи доимӣ таъкид шудааст.
Ҳушдори толибҳо ба фармондеҳонаш: ДИИШ* дар ҳоли тадорукоти юриш бар бузургони мост
Вай афзуд, ки дар чаҳор нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон низ бар зарурати ташкили ҳукумати фарогир, иҷмоъ вуҷуд дошт ва дар нишасти ахири Давҳа ҳам бар он таъкид шудааст.
Дастёри вазири хориҷаи Эрон таъкид кардааст, ки "ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамсоягони Афғонистон сулҳ, субот, амният ва тавсеаи пойдорро дар истиқрори ҳукумати фарогир дар Афғонистон медонанд".
Мақомҳои Эрон аз ҷумла вазири хориҷаи он кишвар то акнун борҳо бар ташкили ҳукумати фарогир бо ҳузури намояндагони ҳамаи ақвом дар Афғонистон таъкид кардаанд.
Эрон аз ҷумла кишварҳоест, ки бо толибҳо таъомули сиёсии густарда дорад ва сифорати Афғонистон дар Теҳронро дар ихтиёри ин гуруҳ қарор додааст.
Илова бар ин, дар моҳҳои ахири даргириҳои марзӣ ва ҳақобаи Ҳилманд боиси сардшавии равобити Эрону толибҳо шудааст.