ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Курси омӯзишӣ барои доварон таҳти унвони "FIFA MA Elite Referees Course" таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии футбол оғоз гардид.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки барои он дастурдиҳанда - инструктури байналмилалӣ ҷалб шудааст.
"Тайи панҷ рӯз дастурдиҳандаи ФИФА ва КФО Ҳакан Аназ аз Австралия, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2014 дар Бразилия фаъолият кардааст, дар Тоҷикистон барои доварон дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронад", - омадааст дар иттилоия.
Дар курсҳо дастурдиҳандаҳо аз Тоҷикистон – Умед Раҳимов ва Кристина Пронженко, инчунин 32 довари футбол – 12 довари марказӣ ва 20 ёвар иштирок мекунанд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон афзуд, ки курсҳои ФИФА барои доварон дар Душанбе то 14 июл идома хоҳанд кард.
Қаблан доварон аз Тоҷикистон дар як семинари онлайн, ки аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ташкил шудааст, ширкат карданд.
Дар чаҳорчӯби ин давраи омӯзишӣ доварони тоҷик донишҳои ибтидоӣ дар бораи кор бо системаи кӯмаки видеоӣ барои доварон - VAR -ро омӯхтанд.
Аз ҷумла, ӯ доварон бо принсипҳои истифодаи видеотакрорҳо дар бозиҳо шинос гардиданд.