ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.
Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар баъзе навоҳии ВМКБ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 1+6 дараҷа ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро ҳавои тағйирёбанда ва дар водиҳо бебориш фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назғар аст.
Ҳарорат дар водиҳои шимоли Тоҷикистон шабона 19+24 дараҷа, рӯзона 34+39 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар Хатлон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ мегардад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм дар назар буда, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар қисматҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мегардад.
Душанберо ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш фаро гирифта, ҳарорат шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.