Президент ба Сирдарё як млн моҳича сар дод

Моҳичаҳо зотҳои "амури сафед", “пешонапаҳми сафед” ва “зағорамоҳӣ” мебошад, ки дар ҳавзҳои ҳоҷагии моҳипарварӣ дар ноҳияи Ғафуров парвариш мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд барои рушди соҳаимоҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба рӯди Сир як млн дона моҳича сар дод.
Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дод.
Бар хабари манбаъ, моҳичаҳое, ки роҳбари давлат ба рӯди Сир партофт, зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед” ва “зағорамоҳӣ” мебошанд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвариш мешаванд.
Зикр гардид, ки ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 63 хоҷагии моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки масоҳати умумии ҳавзҳо барои парвариши моҳӣ 685 гектарро ташкил медиҳад.
Дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Айнӣ ва дар шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Панҷакент асосан моҳии зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед”, “зағорамоҳӣ”, “гулмоҳӣ” “тосмоҳӣ” парвариш карда мешавад.
Афзоиши дубаробарии истеҳсоли гӯшти моҳӣ дар Тоҷикистон
Қайд гардид, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 430,70 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 121 тонна зиёд мебошад.
Соли 2022 ба обанбори Баҳри тоҷик ва дарёи Сир 1,6 млн дона моҳича сар дода шудааст. Имсол тибқи нақша, марҳила ба марҳила 4 млн дода моҳича сар дода мешавад.
"Ҳадаф аз сар додани моҳичаҳо ба обанбор ва дарёҳҳо афзун намудани шумораи моҳиҳо ва рушди соҳаи моҳипарварӣ дар мамлакат мебошад", - омадааст дар хабари котиботи президент.