ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Барои Русия ноил шудан ба ҳадафҳои амалиёти вижа муҳим аст, гуфт дар ин бора сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
"Барои мо расидан ба ҳадафҳои худ муҳим аст", - гуфт сухангӯи Кохи Кремлин.
Дар ҳамин ҳол, ӯ афзуд, ки Русия матвонад ба ҳадафҳои худ бо роҳҳои гуногун бирасад.
Аммо ба гуфтаи вай дар ҳоли озир мақомоти Русия ҳич заминаеро барои музокироти сулҳ бораи хотима додани низоъ дар Украина намебинанд.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки ҷониби Русия ҳеҷ гоҳ дари музокиротро баста накардааст.
"Дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, мо гуфта будем, ки Русия ҳеҷ гоҳ дари музокиротро набастааст", - гуфт Песков.
Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко қаблан гуфта буд, ки то тирамоҳ вазъ дар Украина бояд тағйир ёбад ва шояд музокирот барои ҳалли низоъ дар дар ин кишвар оғоз шавад.
Вай ҳамчунин изҳори итминон кард, ки Аврупо аллакай ба музокироти сулҳ омода аст ва Иёлоти Муттаҳида пас аз ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина мавқеъи худро тағйир хоҳад кард.