ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Барои қатъи пеш аз муҳлати шартнома бо сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, Петр Сегрт, Федератсияи футболи кишварро зарур меояд, ки ҳудуди 90 ҳазор доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад.
Дар ин бора манобеи Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуданд, ки шартномаи феълӣ бо мутахассиси хорватӣ то анҷоми Ҷоми Осиё, ки қарор аст моҳи феврали соли оянда баргузор шавад, амал мекунад. Таъкид мешавад, ки худи Сегрт феълан дар Тоҷикистон қарор надорад.
Мушаххас нест, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон шартнома бо Сегртро қатъ хоҳад кард ё на. Шарҳи расмие дар ин бора то ҳол ироа нашудааст.
Дар ҳамин ҳол коршиноси футбол Дамир Камолиддинов зарур намедонад, ки қарордод бо мураббии феълии тими миллии Тоҷикистон пеш аз мӯҳлат қатъ карда шавад.
"Бигзор вай ин давраро тамом кунад, модоме кор чунин шуд. Бозигар чӣ гуна, натиҷа ҳам чунин. Агар ин бозигарон ҳамеша чунин натиҷа нишон медоданд, шояд гап дар онҳо бошаду мураббӣ дуюмдараҷа бошад", - суол гузошт коршинос.
Вай зикр намуд, ки аз нигоҳи моддӣ ҳам қатъи пеш аз муҳлати шартнома чандон муфид нахоҳад буд.
"Дар ҷаҳони мутамаддин ҳама чиз аз рӯи шартнома ҳал мешавад. Ҷуброни калон. Боз мутахассиси дигарро ҷустуҷӯ кардан лозим меояд, ки барои ҷалби ӯ низ маблағу маоши калон лозим мегардад", - илова намуд Камолиддинов.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷоми миллатҳои CAFA Nations 2023 аз 10 то 20 июн дар Қирғизистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар баробари Туркманистон, Уммон ва Ӯзбекистон дар гуруҳи "А" бозӣ кард.
Дар пайи зӯрозмоӣ тими миллии Тоҷикистон дар гуруҳ мақоми 3-юм бозӣ карда, ба марҳилаи баъдӣ роҳ наёфт. Сармураббӣ Петр Сегрт масъулияти шикасти дастаро комилан ба дӯш гирифт.