Молдова натиҷаҳои аввалияи таҳқиқи тирандозӣ дар фурудгоҳро нашр мекунад

Сарвазири Молдова аз амали нерӯҳои амниятӣ қаноатманд аст. Ӯ мегӯяд, вокуниши фаврии онҳо имкон дод, ки мусофирон дар макони амн қарор гиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Молдова натоиҷи нахустини таҳқиқи ҳодиса дар фурудгоҳи Кишинёвро омода мекунад, ки як шаҳрванди Тоҷикистон ду афсарро тирборон кард.
Сарвазири Молдова, Дорин Речан гуфт, гузориш то охири ҳафта пешниҳод хоҳад шуд.
"То охири ҳафта, гузориши аввал дар бораи фоҷеа дар фурудгоҳи Кишинёв, баъдан гузориши додситонӣ хоҳад шуд, ки баъд аз он қарорҳо, аз ҷумла қарорҳои кадрӣ, қабул карда мешаванд", - гуфт Речан зимни суҳбат дар шабакаи "Публика".
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид кард, ки дар маҷмӯъ аз амалкарди нерӯҳои амниятӣ қаноатманд аст. Дарҳол пас аз тирпарронии аввал, маъмурини полис бе таъхир дахолат карда, ба кор шурӯъ кард, ки ин имкон дод, ки мусофирон аз хатар эмин бошанд, зеро хатари гаравгон гирифтан вуҷуд дошт.
Қаблан сардори собиқи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майор Виктор Катан мақомотро дар он айбдор карда буд, ки мехоҳанд фоҷиа дар фурудгоҳро "хомӯш" кунанд. Аҳзоби мухолиф талаб карданд, ки сардори Вазорати корҳои дохилӣ Анна Ревенко ва сардори пулиси марзбонӣ Россиян Василой аз мақомаш барканор карда шаванд.
Тафсилоти расмии қатли ноиби раиси "Ориёнбонк" ва фирори муттаҳамон ба Русия ва Туркия
Маврид ба зикр аст, ки муттаҳам Рустам Ашӯров, ки 30 июн дар фурудгоҳи пойтахти Молдова 2 маъмури амниятиро паронд, зимни амалиёти ҷавобӣ таслим нашуду маҷруҳ гардид. Вай баъди чанд рӯзи беҳушӣ дар бемористон фавтид.
Мақомоти Молдова мегӯянд, ҳодисаи тирпарронӣ замоне рух дод, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймо аз Истанбул ворид шуд, ба кишвар роҳ надоданд.
Дар ҷараёни бозгашт Рустам Ашӯров таппончаи як афсари пулисро гирифта, ба тирандозӣ гузашт, ки дар пайи он як марзбон ва як афсари амнияти фурудгоҳро кушта шуд.
Гуфта мешавад, ки Ашӯров қаблан дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 7 сол хизмат мекард, аммо барои рафтори ношоиста аз мақом барканор шудааст. Ҳамчунин вай барои роҳзанӣ маҳкум шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки ин нафар узви гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев даст дорад ва таҳти пайгард қарор дошт.