Миннатдории муовини вазири Русия аз пазироии самимӣ дар Тоҷикистон

Мансабдори рус баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистонро падидаи беназир ва боз ҳам мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо донист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистону Русия масъалаи тақвияти ҳамкориҳои фарҳангиро дар шаҳри Душанбе баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон, дар Китобхонаи миллии кишвар вохӯрии муовини аввали вазари фарҳанги Тоҷикистон Назариён Обид бо муовини вазири фарҳанги Русия Преподобная Надежда таҳти унвони “Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон-асоси таҳкими дӯстии байни халқҳост!” баргузор гардид.
“Миёни ҷонибҳо гуфтугӯи дӯстонаю самимона сурат гирифта, вобаста ба ҳамкориҳо дар самти фарҳанг, аз қабили баргузории барномаҳои ҳунарӣ, намоишномаҳои театрӣ, таъмини мутахассисони соҳаи театру кино, баргузории дарсҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисон ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гириф”, - таъкид кардааст Вазорати фарҳанг.
Денис Матсуев ба Душанбе омад
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки муовини вазири рус барои пазироии самимона, муҳаббату ихлоси беандоза изҳори миннатдорӣ намуда, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русияро дар Тоҷикистон падидаи беназир ва боз ҳам мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо арзёбӣ намуд.
Муовини аввали вазири фарҳанги кишвар ба ҳамтои русаш дар поёни вохӯрӣ чун анъанаи тоҷикона тӯҳфаи хотиравӣ, намуна аз санъати қадимаи халқи тоҷик “Кундал” тақдим кард.