ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълом кардааст, ки ибтило ба бемориҳои таби Конго, сурхакон, исҳолу дангӣ дар як ҳафтаи ахир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Ин гузориш изофа кардааст, ки дар ҳафтаи гузашта озмоиши ибтило ба вируси корона барои 154 шаҳрванди Афғонистон мусбат будааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулону пизишкони шифохонаи Ибн Сино мегуянд, ки бемориҳои фаслӣ дар Кобул то 40 дарсад афзоиш ёфтааст.
Созмони ҷаҳонӣ беҳдошт меафзоед, ки аз ибтидои январи 2023 то аввали моҳи ҷулои 124 нафар дар Афғонистон бар асари ибтило ба бемориҳои таби Конго, сурхакон, исҳолу дангӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Ба гуфтаи пизишкон, гармтар шудани ҳаво истифода аз ғизоҳои фосид шуда ва оби нопоку камбуди имконоти беҳдоштӣ аз иллатҳои аслии афзоиши бемориҳои фаслӣ дар Афғонистон аст.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз ба сари қудрат расидани толибҳо дар соли 2021 ва рафтани аксари созмонҳои байналмилалии имдодрасон аз ин кишвар, вазъи сиҳӣ дар Афғонистон бад шудааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст.