ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон Форуми "Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Россия" дар Осорхонаи миллӣ баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати фарщанги Тоыикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории чорабинӣ муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, муовини вазири фарҳанги Русия Преподобная Надежда, муовини директори Департаменти осорхонаҳо ва робитаҳои хориҷии Вазораи фарҳанги Русия Наталия Чечел, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мутахассисону коршиносони соҳа иштирок доштанд.
Цайд карда шудааст, ки пас аз бурридани лентаи рамзии форум иштирокчиён аз толори аксу мусаввараҳои Осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо фарҳангу ҳунар, расму оинҳои мардумӣ, аксҳои ҳунармандони санъати театру кинои тоҷик ошноӣ пайдо намуданд.
Сипас, миёни ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои осорхонаҳои Тоҷикистон ва осорхонаҳои Русия, масоили таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба, ташкилу баргузор намудани намоишҳо ва давраҳои омӯзишӣ дар бораи тармиму таҳкими осори таърихӣ, робитаҳои дуҷонибаи осорхонаҳо муколама сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор мешавад.