ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Вазорати хориҷаи кишвар ба Sputnik Тоҷикистон боздошти чанд тоҷикистонии муттаҳам ба тарҳрезии ҳамалоти террористӣ дар Олмонро тасдиқ кард.
“Сафорати мо дар Берлин бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Олмон дар тамос аст. Мо аллакай маълумоти тасдиқкунанда дар бораи ин масъала равон кардем. Ҳамчунин аз мақомоти Олмон дастрасии консулӣ бо боздоштшудагонро низ дархост кардаем”, - гуфт вазорати хориҷаи кишвар.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш нашрияи Bild хабар дод, ки нерӯҳои вижаи Олмон барои боздошти 7 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, умдатан тоҷикон, ки дар тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар он кишвар гумонбар мешуданд, амалиёти густурда анҷом дод.
Ба навиштаи ин нашрияи бархе аз боздоштшудаҳо бо истифода аз асноди қалбакӣ бо ниқоби паноҳандагон тариқи Украина вориди Аврупо шудаанд.
"Гумонбаршудагон ҳамлаҳои террористиро дар рӯҳияи "Давлати исломӣ"* тарҳрезӣ кардаанд. Онҳо инчунин кӯшиши ба даст овардани силоҳро доштанд ва шояд аллакай ҳадафҳои эҳтимолиро назорат мекарданд", - гуфт додситонӣ.
Сухан дар бораи мардони точик меравад, инчунин як туркману як киргиз. Ҳамаи онҳо бо созмони "Вилояти Хуросон"* - бахши афғонистонии ДОИШ* иртибот доштанд.
Додситонӣ тавзеҳ додааст, ки гумонбаршудагон дар баҳори соли 2022 ба Олмон омадаанд ва на дертар аз моҳи июн он ҷо созмони террористӣ ташкил кардаанд.