ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Украинаро "тақдири Афғонистон", ки амрикоиҳо аз шаҳри Кобул моҳи августи соли 2021 фирор карданд, интизор аст.
Дар ин бора вакили Думаи давлатии Русия аз вилояти Қрим Михаил Шеремет хабар дод.
"Сарони фасодзадаи Украина бояд имрӯз ба ин омода бошанд. Ман бар онам ки ҳавопаймоҳои хеле кам аз кишвар берун хоҳанд шуд ва дар онҳо ҳама ҷойгир шуда наметавоананд", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи вакили парлумон, Зеленскийи бо амали худаш тамоми кишварҳои Ғарбро таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида ба бунбаст бурд.
"Дар чунин вазъияти душвор, дахолати ниёбатии онҳо аз берун ба нокомӣ монанд рӯ ба рӯ шуд ва пешгӯиҳои онҳо дар бораи гирифтани фоидаи зиёд бемаънӣ ва комилан дуруст набуданд нест ", - гуфт Шеремет.
Вай бо таассуф қайд кард, ки сарони Киев Украинаро ба хотири манфиатҳои ҷаҳонии ИМА қурбонӣ карданд.
Қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки амалиёти вижаи низомӣ дар Украина метавонад то чанд моҳ анҷом шавад.
Шарти ин, қатъи интиқоли силоҳу муҳимоти ҷанги ба Киев аз ҷониби НАТО аст, гуфт Медведев.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру қатли ом аз ҷониби режими Киев қарор гирифта буданд