Раҳматулло Фузайлов мураббии бошгоҳи футболи "Регар-ТадАЗ" шуд

Пас аз тақрибан як сол ба ҳайси мураббии тими ҷавонон кор кардан Фузайлов пас аз нокомиҳои даста дар Ҷоми Осиё-2023 истеъфо дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Раҳматулло Фузайлов мураббии бошгоҳи футболи "Регар-ТадАЗ" шуд.
Дар ин бора дар саҳифаи расмии даста дар Instagram* хабар дода шудааст.
"Лаҳзае, ки ҳамаи мо интизор будем, фаро расид", - гуфтанд дар хадамоти матбуот.
Қаблан Фузайлов ба далели нокомиҳои даста дар Ҷоми Осиё-2023 аз вазифаи сармураббии мунтахаби ҷавонони ҷумҳурӣ (U-17) истеъфо дод.
Ҳамин тавр, аз рӯи натоиҷи се вохӯрӣ тими миллӣ як маротиба бо Чин мусовӣ (1:1) анҷом дода, ду маротибаи дигар дар дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Австралия бо ҳисоби 2:0 шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ки Раҳматулло Фузайлов тобистони соли 2022 сармураббии тими миллии Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Пас аз нокомиҳои дастпарварон Раҳматулло Фузайлов истеъфо дод
Ӯ дар ин мақом Зайниддин Раҳимовро, ки бо хоҳиши худаш барканор шуд, иваз кард ва ёвараш Сафаралӣ Раҳмонов низ аз даста рафт.
Қабл аз ин ӯ ёвари мураббии асосии дастаҳои ҷавонон (U-20) ва олимпӣ (U-23) буд ва инчунин, дастаҳои "Кӯктош", "Истаравшан" ва "ССКА-Помир"-ро сарварӣ мекард.
*Фаъолияти Meta (шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram) дар Русия ҳамчун экстремистӣ манъ аст.