ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ахиран дар мақомомоти Хатлон ҷаласае баргузор кард, ки дар он омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуи меҳварӣ буд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилоят.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханрониаш аз баъзе каммбудиҳои ҷойдошта дар даъвати баҳории имсола изҳори нигаронӣ
Вай таъкид кард, ки корҳои тарғиботию оммафаҳмонӣ дар даъвати тирамоҳии имсола дуруст ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон раиси вилоят иброз намуд, ки нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, ҷиҳати саривақт иҷро намудани даъвати тирамоҳии ҷавонон раисони шаҳру ноҳияҳо, ва дигар ташкилоту идора ва сохторҳои мақомотҳои дахлдор хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳаматарафа тарғибу ташвиқ намуда, тариқи васоити ахбори омма инъикос намоянд.
Ҳамзамон аз вазъ ва шароити қисмҳои ҳарбӣ, фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ, ки имрўз марзу буми Ватанро далерона ва содиқона дифоъ карда истодаанд, барномаву маводҳо омода намуда, тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва матбуоти даврӣ пахшу нашр намоянд.
Манбаъ қайд кардааст, ки баъди баррасии масъалаи меҳварии ҷаласа раиси вилоят Давлаталӣ Саид барои иҷрои саривақтию босифати барномаҳо ва супоришҳои қаблии Ҳукумати кишвар ва Мақомоти вилояти Хатлон дастурҳо дод.
Ҳамзамон дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон илова кардаст, ки раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои давлатӣ дар бораи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили дар саҳробуда, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои бунёдкорӣ супоришҳои мушаххас дод.