Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Душанбе баргашт

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе пайвандони зоирони хонаи Худо ба пешвози онҳо омаданд ва саҳни фурудгоҳ серодам аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик пас аз адои маросими ҳаҷ ба ватан баргаштанд.
Авшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтан, ки теъдоди ҳоҷиёни баргашта 165 нафар аст.

"Ин гуруҳ 10 июн ба Арабистон рафта, пас аз адои тамоми маросими Ҳаҷ аз шаҳри Мадина ба Душанбе тавассути ширкати "Сомон Эйр" баргаштанд",- афзуд манбаъ.

Зимнан, саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе серодам буда, теъдоди зиёди одамон барои пешвози ҳоҷиён омадаанд.
Маросими бозгашти ҳоҷиён аз Макка ва Мадина ба Тоҷикистон то 18-уми мюл идома хоҳад дод.
Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, соли равон аз ин кишвар беш аз 4 ҳазору 500 нафар ба хотири зиёрати хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.
Нигаронӣ аз табдили ҳаҷ ба мусобиқаи авлодӣ дар Тоҷикистон
Харҷи ин сафар, ки аз сӯи мақомот муайян шудааст, барои як нафар 59 ҳазор сомонӣ ё 5 ҳазору 630 доллар тамом мешавад.
Дар маросими ҳаҷҷи имсола як зоири тоҷик Абдулло Шарифов аз ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 18-уми июн дар Макка даргузаш, ки дар ҳамонҷо ба хок супурда шуд. Илати фавти ин зоири тоҷикро сактаи дил арзёбӣ карданд.
Фаризаи ҳаҷ яке аз аркони дини мубини Ислом буда, бар касоне, ки барои рафтан ба хонаи Каъба тавоноии молӣ дошта бошанд, фарз мебошад.