ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Маркази миллии тестӣ барои довталабоне, ки дар даври якуми имтиҳонҳои дохилшавӣ имкони иштирокро надоштанд, шонси иловагӣ медиҳанд.
"Довталабоне, ки дар даври якуми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ - қисми А ё қисми Б иштирок намуда натавонистанд, вале хоҳиши супоридани онро дар даври дуюм доранд, бояд то 9 июл аз нав ариза пешниҳод кунанд", - омадааст дар хабари ММТ.
Зикр гардид, ки довталабони дермонда бояд маблағи иловагии ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ муқарраркардаро пардохт намуда, ба Марказ дар муҳлати муқарраркардаи он ариза пешниҳод намояд.
Ба маълумоти ММТ, даври иловагии имтиҳонҳо барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо 12 июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор мегардад.
Ҳангоми навиштани ариза довталаб бояд яке аз ин шаҳрҳоро ҳамчун макони супоридани имтиҳон қайд кунад.
Маврид ба зикр аст, ки чанд сол боз дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии олӣ аз тариқи имтиҳоноти марказонидашуда сурат мегирад. Раванди имтиҳонсупорӣ таҳти назорати Маркази миллии тестӣ қарор дорад.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки имкони тақаллуб дар имтиҳоноти дохилшавӣ нест.
Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо дар заминаи беш аз 40 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд.
Таъкид гардидааст, ки дар 20 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷамъан беш аз 1,1 ҳазор синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудааст.