Лукашенко: Зеленский ниҳоят фаҳмид, ки пирӯз нахоҳад шуд

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Беларус, ҳамтои украинии ӯ барои раҳоӣ аз вазъи кунунӣ иқдомоте меандешад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Александр Лукашенко кишвардори Белорус гуфт, Зеленский дигар умеди пирӯзиро надорад.
Ин ҳарфҳоро роҳбари Беларус дар мулоқот бо рӯзноманигрони белорусӣ ва хориҷ изҳор дошт.
Ба боварии Лукашенко ҳамтои украинии ӯ барои раҳоӣ аз ин вазъият чораҳо меандешад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи раисиҷумҳури Беларус, Зеленский дарк кардааст, ки "ҳамлаи ҷавобӣ ба ҷуз марги ҳазорон ҳазор нафар барои ӯ дигар чизе оварда наметавонад".
Маҳз ба ҳамин далел, ба гуфтаи Лукашенко, раиси ҷумҳури Украина тадриҷан ба даъвокунӣ ба касоне, ки онҳоро ба ин ҷанг телла доданд, оғоз намудааст.
"Пеш аз ҳама, даъвоҳо дар шакли пул ва силоҳҳои нав", - иқтибос меорад ҳарфҳои Лукашенкаро хабаргузории БелТА.
Президент пешгӯӣ мекунад, ки "ҷанг дар Украина афзоиш хоҳад ёфт", зеро ин кишвар ҳамчунон захираҳои қобили мулоҳизаи стратегӣ дорад.
Лукашенко гуфт, низоъ дар Украина ба зудӣ хотима хоҳад ёфт
"То 11 июл (то нишасти НАТО - идора) онҳо бояд чизе нишон диҳанд. Онҳо Русияро бо дандон санҷиданд. Муваффақ нашуданд ва нахоҳанд шуд. Агар ҳоло беҳтарин низомиёни украиниро ба майдони ҷанг бароранд ҳам, билохира тавоноии ҷангии Украина дафн хоҳад шуд", - илова намуд Лукашенко.
Қаблан, раиси Думаи давлатии Русия, Зеленскийро ба он муттаҳам кард. ки соҳибихтиёрии Украинаро нобуд кард.
"Кишваре, ки аз таърих, забон, эътиқод, фарҳанг ва анъанаҳои худ даст кашад, соҳибихтиёрии худро аз даст медиҳад. Зеленский дар ин масъалаҳо ба Украина хисороти ҷуброннопазир расонд", - гуфт Володин.