ДУШАНБЕ, 6июл — Sputnik. Тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар 4 моҳаи нахусти соли равон ҳудуди 81 миллион доллар буд, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 6,5 миллион доллар катар аст.
Ин омор ахиран дар мулоқоти сафири Эрон дар Душанбе Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе бо Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонаӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои вазири энержии Эрон Алиакбар Меҳробиён додугирифти Тоҷикистону Эрон дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 300% афзоиш ёфта буд.
Вай гуфта буд, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон то соли 2013 ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, баъдан коҳишро оғоз кардааст.
Бояд гуфт, ки дар мулоқоти ахири сафири Эрон дар Душанбе ва вазири кишоварзии кишвар масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуд.
Ба иттилои вазорати кишоварзӣ дар зарфи семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон 20 трактори моделҳои мухталиф ва 88 дастгоҳи дигари таҷҳизоти кишоварзӣ аз Эрон ворид карда, ки нишон аз маҳбубияти тракторҳои эронӣ барои кишоварзони Тоҷикистон аст.
Имрӯзҳо тракторҳои эронӣ ба 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ содир мешаванд.
Таъкид шудааст, ки тракторҳои эронӣ барои истифода дар боғҳо тароҳи шуданд ва чунин таҷҳизоти нисбат ба дигар маделҳои трактори сабук тақозои бештари доранд.